06:41 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Тамошои навор аз экран

Модар куҷоӣ?!: сурудхонии кӯдаки хурдсол дили корбарони интернетро реш кард

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
55540

Шабакаи Dono Tv дар Ютуб навореро мунташир кардааст, ки ҳамагӣ дар тайи 4 рӯз наздикӣ 180 ҳазор бор боздид шудааст. Бештари корбарони интернетӣ дар шарҳи он навиштаанд, ки бо тамошои навор дили кас реш-реш мешавад

Ин навар ҳамагӣ 5 рӯз пештар дар Ютуб мунташир гашта, то имрӯз 180 ҳазор боз боздид шудааст ва 4 ҳазор "лайк" гирифтааст.

Кӯдаки 4-5-солае дар навор суруди Бобоҷон Амонуллоҳ — "Модар куҷоӣ?" ва суруди Эркин Одинаев "Дӯст"-ро бозхонӣ мекунад.

Овозхони тоҷик Бобоҷон Амунуллоҳ мегӯяд, бозхонии сурудаш аз ҷониби ин кӯдак ба вай бисёр писанд омад. Ба гуфтаи вай, ин навор дар бозоре дар шаҳри Панҷикад сабт шудааст.

"Ин кӯдакро шахсан намешиносам. Лекин овозаш ба ман хело писанд омад. Агар волидонаш ӯро ба назди ман оварданд, ман  ӯро дастгирӣ мекунам",- гуфт овозхон.

Яъне ин кӯдаки хурдсол на танҳо дили бинандагонро тасхир кард, балки бо ин навор ба худ диққати овозхонҳоро ҳам ҷалб кардааст.

Корбарони интернет бошанд, дар шарҳи навор навиштаанд, бо гӯш кардани бозхонии кӯдаки хурдсол дили кас реш- реш мешавад.

Барчаспҳо:
бозхонӣ, кӯдак, Бобоҷони Амонуллоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ