16:42 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Люди на празднике. Архивное фото

Тоҷикистонро барои саршумории аҳолӣ омода мекунанд

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории саршумории ҷамъият дар соли 2020 Кумисюни давлатӣ ташкил кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории саршумории умумии аҳолӣ ва маскан дар соли 2020 Кумисюни давлатӣ ташкил кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, тарбити омодасозӣ ва баргузории ин саршумориро Ҳукумати ҶТ дар моҳи сентябри 2017 муқаррар карда буд. Ин саршуморӣ бо ҳазинаи будҷаи давлатӣ ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар соли 2018 дар шаҳри Норак ва маҳаллаҳои 64 ва 91-уми шаҳри Душанбе саршумории озмоишии аҳолӣ ва маскан баргузор карда хоҳад шуд.

Баргузоркунандагони ин саршуморӣ гуфтаанд, ки "баҳрагирии кам аз фанновариҳои иттилоъотии навин дар раванди саршуморӣ суръати додуситади додаҳо миёни идораҳои омори ноҳияҳо ва вилоятҳоро кунд мекунад. Аз ин рӯ, бояд шабакаи роёнаии маҳаллӣ барои ин саршуморӣ роҳандозӣ кард".

Ёдоварӣ мекунем, ки охирин саршумории аҳолӣ ва маскан дар Тоҷикистон соли 2010 баргузор шуда буд. Бино бар додаҳои он, дар тирамоҳи соли 2010 дар Тоҷикистон 7 милюну 565 ҳазор кас зиндагӣ мекард, ки нисбат ба соли 2000 1 милюну 438 ҳазор кас бештар буд. Ҳамакнун шумораи аҳолии Тоҷикистон камобеш 8,8 милюн кас арзёбӣ мешавад.

Барои баргузор кардани он саршуморӣ он замон аз будҷаи давлат 27 милюн сомонӣ (беш аз 6,1 милюн дулор) ҳазина ва беш аз 30 ҳазор кас дар он ширкат карданд. 

Мавзуъ

Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи афзоиши аҳолӣ дар ОМ дар ҷои якум аст
Барчаспҳо:
саршуморӣ 2020, Саршумории аҳолӣ ва маскан 2020, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ