17:38 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
54 0 0

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз Вазорати умури хориҷии Русия хост қазияи лату кӯби шаҳрванди ҶТ дар Маскавро бо диққат ва мунсифона баррасӣ кунад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо фиристодани ёддошт ба Вазорати умури хориҷии Русия хостории баррасии дақиқ ва мунсифонаи қазияи лату кӯби шаҳрванди ҶТ Наврӯз Зикиров дар фурӯшгоҳи "Москва" шуд.

"Хоҳишмандем, ин қазияро дақиқ ва воқеъбинона баррасӣ карда, омилини онро ба посухгӯӣ бикашед", — гуфта мешавад дар ин ёддошт.

Сухангӯи сафорати ҶТ Сарвар Бахтӣ дар суҳбат бо Sputnik гуфт, "ин ёддошт рӯзи душанбе ба Вазорати умури хориҷии Русия супурда шудааст".

Ёдоварӣ мекунем, ки Наврӯз Зикиров — аробакаши фурӯшгоҳи "Москва", шаби 20-уми сентябр шадидан латту кӯб шуда буд. Ин қазия дар миёни коргарони тоҷики фурӯшгоҳ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ эътирози густардаеро бар по кард.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)

Мавзуъ

Бародари Наврӯз Каримов: додарамро то кунун надидаам
Дипломатҳои тоҷику рус қазияи лату кӯби муҳоҷирон дар Маскавро баррасӣ карданд
Вазорати кору муҳоҷират: ҷавоне, ки дар бозори Маскав лату кӯб шуда, зинда аст
Барчаспҳо:
ёддошти эътироз, сафорат, Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Наврӯз Зикиров, Сарвар Бахтӣ, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ