Аз шуравӣ ба замонавӣ: пули деҳаи Махшевадро бозсозӣ карданд

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкРека Вахш, архивное фото
Река Вахш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ пули нави мошингузар ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии вилояти Суғд, дарозии пул 22 метр буда бараш 4,5 метр мебошад.

Пул то 30 тонна вазнро бардошт карда метавонад.

Пули мошингузари қаблӣ дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ сохта шуда, фарсудаву дар ҳолати корношоям қарор доштааст, менависад манбаъ.

Пули нав бо маблағгузории Муассисаи давлатии сохтмони мақомоти ноҳия дар болои дарёи мавзеи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё аз ҷониби "Роҳи Ватан" сохта ба истифода дода шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки  дарозии пул 22 метр, бараш 4,5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна аст.

Лентаи хабарҳо
0