01:01 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Кормандони пешини яке аз шуъбаҳои "Тоҷпромбонк" ба ҷурми дуздидани пасандозу супурдаҳои муштариён маҳкум ба зиндон шуданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Сино мудири пешини шуъбаи "Тоҷпромбонк" дар ноҳияи Шаҳринав, сарҳисобдор, сандуқдор ва ду коршиноси калони онро ба ҷурми дуздидани пасандозу супурдаҳои муштариён маҳкум ба зиндон кард.

Ба гузориши Додситонии кулли ҶТ, онҳо муттаҳам ба дуздидану хешонидани 188 ҳазор дулори амрикоӣ, 95 182 сомонӣ ва 278 738 рубли русӣ пасандозу супурдаҳои муштариёни "Тоҷпромбонк" шудаву ҷурмашон собит шудааст.

Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино аз 13 сентябр мудири пешин шуъба Қурбонов маҳкум ба 16  сол зиндонӣ шуд. Сарҳисобдор Ғафуров 12  сол, сандуқдор Ҳодиев ва коршинос Сафаров 9 солӣ ва коршинос Тешаева 8 солу 6 моҳро дар зиндон аз сар хоҳанд гузаронд.

Мавзуъ

Додгоҳи Душанбе як ҷангҷӯи тоҷикро барои 12,5 сол зиндонӣ кард
Адолат барпо шуд?: Додгоҳ Назарзодаро 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кард
Назарзода хостори ҳузури 5 корманди Ожонси мубориза бо фасод дар додгоҳ шудааст
Додгоҳи Тоҷикистон корманди пешини Ожонси мубориза бо фасодро 15 сол зиндонӣ кард
Додгоҳи шаҳри Душанбе фурӯшандаи амфетаминро зиндонӣ кард
Додгоҳ як шаҳрванди Узбакистонро ба иттиҳоми теруризм боздошт кард
Барчаспҳо:
хешонидан, дуздии пасандозу супурда, Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи ноҳияи Сино, Тоҷикистон-Душанбе-Шаҳринав

Мавзӯъҳои асосӣ