18:27 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Имзо, акс аз бойгонӣ

Номаи кушод ба Сафорати Эрон: Сайидюнус Истаравшаниро аз тахаллусаш маҳрум созед

© pixabay
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
103304

Дар поёни нома омадааст, гурӯҳ аз руасои кишвари Эрон хоҳиш дорад, ки дар гирифтани тахаллуси "Истаравшанӣ" аз номи Сайидюнус ба онҳо мусоидат намоянд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар сомонаи Ҳукумати ноҳияи Ашт номаи кушоди як гурӯҳ сокинони шаҳри Истаравшан ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мунташир шудааст. Ба даъвои онҳо, як зодаи Истаравшан — Сайидюнус Бурҳонов, бо истифода аз тахаллуси Истаравшанӣ гӯё мардуми шаҳрро бадном мекардааст. Хулоса, ин гурӯҳ дархост кардааст, ки Сафорат ба ин гурӯҳ мусоидат кунад, ки дар маҳрум кардани ӯ аз тахаллуси Истаравшанӣ кӯмак расонад. 

Тавре дар манбаъ қайд карда мешавад, ин номаро гӯё як гурӯҳ сокинони шаҳри Истаравшан ба унвони Сафри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон иншо кардаанд.

Дар аввали нома муаллиф дар бораи шаҳри Истаравшан ва иртиботи он бо Эрон баён мекунад.

"Ҷаноби сафир! Шумо ва ҳар фарди рӯшанзамири Ҷумҳурии Исломии Эрон таърихи шаҳри бостонии Истаравшанро хуб медонед.  Он яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шаҳри азими вилояти Суғд аст, ки таърихи зиёда аз  2500-сола  дорад. Шояд шумо инро ҳам хуб медонед, ки асосгузор ва меъмори ин бостонзамин Куруши Кабир буда, шаҳр бо номҳои Курушкадаву Киропол (асрҳои 529-559 пеш аз милод) шуҳрат ва маҳбубияте миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷи он дорад", гуфта мешавад дар он. 

Дар давоми нома "пур аз сӯзу гудоз" муаллиф ба сари мақсад меояд ва ба "сари мақсад меояд".

"Акнун ба сари мақсад меоем. Сухан дар бораи Сайидюнус Бурҳонов ном шахсе меравад, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паноҳ бурдааст ва бо истифода аз тахаллуси Истаравшанӣ мардуми моро бадном месозад. Мо ба ақидаи ӯ, роҳу равиши ӯ, ҳадафҳои нопоки ӯ кор  надорем. Вале   намехоҳем ва нахоҳем гузошт, ки  бадгуҳаре бо бори накбати  худу  аҷдод  номи поки Истаравшан — сарзамини мардуми меҳанпарасту покизаимонро доғдор созад. Мо намехоҳем нохалафу луъбатаки дасти дигаронро     кишвари ҳамдину ҳамзабоне  чун Эрон  намояндаи миллати мо, шаҳри мо донад ва истифода аз ӯ кунад",- менависад вай.

Пас он нақлашро дар бораи Сайидюнуси Истаравшанӣ идома медиҳад ва мехоҳад, ки ба сафири Эрон "имрӯзу дирӯзи Бурҳоновро" гуфта диҳад.

"Ҷаноби сафир! Умедворем, ки Шумо чеҳраи Сайидюнус Бурҳоновро, ки  чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣ алаф хӯрда, аз ҷониби соҳиби охур ба майдони шабакаҳои интернетӣ ба "ҳарбу зарб" андохта шудааст,    хуб шинохтед",- омадааст дар маткуб.

Дар поёни матуб омадаст:

— Ҷаноби сафир! Бигзор, Сайидюнус Бурҳонов нависад, гӯяд, ҳарчи ихтиёри хоҷагонаш бошад, аз сарзамини Эрон он кунад. Ҳадаф аз  номаи мо танҳо як чиз аст: номи Истаравшани азизи мо, ки ифтихор аз ќаҳрамонӣ, меҳанпарастӣ фазилату маърифати фарзандонаш дорад, аз исми Сайидюнус — зодаи хонадоне, ки бобояш ба ҷурми дуздии нони мардум, падараш ба  аспдуздӣ, худаш  муҷиби ҷон додани зане дар маҳбас, занҷаллобӣ, дар нимароҳ монондани ҳамсару фарзанд, сабабгори  бо экстремизму  ќочоќи маводи мухаддир зиндонӣ шудани бародарон гаштааст, бардошта шавад.

 Ба он далел  ки Сайидюнус Бурҳонов дар паноҳи  Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад,   Шумою руасои кишвари Эронро хосторем   дар  кори хайр — гирифтани  тахаллуси  "Истаравшанӣ" аз номи Сайидюнус  мусоидат намоед.

Барчаспҳо:
мактуби кушод, Сайидюнус Истаравшанӣ, Истаравшан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ