03:27 26 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Манъи тамокукашӣ

Аҳволи сигоркашон дар Тоҷикистон "бад" хоҳад шуд

© AP / Mike Groll
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
242 0 0

Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун майдони тамокукаширо танг кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонун "Дар бораи истифодаи тамоку"-ро баррасӣ кард.

Дар ин бора Оҷонсии телеграфии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи қонуни нав маконҳое, ки пештар барои тамокукашӣ истифода мешуданд, ҳамакнун маҳдуд хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр тибқи қонуни ҷадид, тамокукашӣ дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад.

Дар баробари ин фурӯши тамоку дар ҳудуди 100 метр дуртар  аз  корхонаҳои давлатӣ ҳам маҳмуд карда мешавад.

Ҳамчунин фурӯши сигор ба афроди то синни 18 низ манъ мешавад. Агар фурӯшанда ба синни харидор шубҳа кунад, бояд аз ӯ ягон санади ташхиси шахсият талаб намояд.

Ёдоварӣ мекунем, ки қонуне, ки ҳафт сол пеш қабул шуда буд танҳо қисман истифодаи тамокуро манъ мекард.

Бар асоси қонуне, ки соли 2010 қабул шуда буд, мардуми сигоркаш ҳақ доштанд дар дохили бинои корхонаҳо дар нуқтаҳои махсус сигор бикашанд.

Нуқтаҳои вижаи тамокукашӣ дар бемористонҳо, фурудгоҳҳову вокзалҳо ва муассисаҳои дигар низ вуҷуд доштанд.

Барчаспҳо:
сигоркашӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ