Кумакпӯлии шаҳрдор ба донишҷӯёни фаъол

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСтуденты, архивное фото
Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Гулистон ба беш аз 70 нафар донишҷӯёни аълохон, фаъол ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакпулии яквақта супорид

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд таълим мегиранд, суҳбат кард.

Ба гузориши манбаъ мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ифтитоҳ кардааст.

Матлубахон Амонзода роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи маориф ба донишҷӯён иттилоъ додааст.

"Тамоюли рушди саноат дар шаҳр пеш меравад ва эҳтиёҷ нисбат ба қувваи корӣ дар шаҳр сол то сол меафзояд. Барои мо мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд ва мо ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияти хеш ққарор додаем", — гуфтааст шаҳрдор.

Сипас раиси шаҳр ба беш аз 70 нафар донишҷӯёни аълохон, фаъол ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакпулии яквақта супорид.

Лентаи хабарҳо
0