17:56 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
166 0 0

Дар замони рушди технологияи навин, одамон аз воқеаву рӯйдодҳои зиндагии худ ва наздиконашон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Оё гузоштани акси марҳур дар шабака раво аст? Посухи уламои Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Шабакаҳои иҷтимоӣ имконият медиҳад, ки одамон ба воситаи смайликҳои гуногун ҳиссиёти худро баён кунанд. Ҳоло баробари кушодани саҳифаи интернетӣ метавон аз ҳодисаҳои гуногун аз ҳаёти корбарон хабар ёфт: зодрӯз, тӯй, беморӣ, марги наздикон ва ғайраҳо.

Як корбари сойти Маркази исломии Тоҷикистон аз шурои уламои кишвар пурсон мешавад, ки оё дини Ислом иҷоза медиҳад акси гузаштагонро дар интернет мунташир кунанд?

 Ин ҷавон, ки худро Шуҳрат муаррифӣ кардаст, чунин менависад: "Сурати шахси вафоткардаро дар интернет ворид кардан ё дар телефон сабт намудан мумкин аст?"

Ошиқон, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Михаил Мордасов

Маркази улумои Тоҷикистон гуфтааст, дар дини Ислом сурат гирифтан ё нигоҳ доштани сурат макрӯҳ аст, зеро ташбеҳ ба бутпарастон мешавад.Посухи пурраи олимони дин чунин аст:" Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом сурат гирифтан ё нигоҳ доштани сурат макрӯҳ аст, зеро ташбеҳ ба бутпарастон мешавад. Мурдагон ниёз ба дуо доранд, на ба гардондани расмҳояшон, агар хоҳед, ки мурдагон аз шумо хурсанд шаванд, арвоҳашонро бо дуо ва тиловати Қуръон шод гардонед". 

Ёдрас мешавем, мавзуи ҳангомаофариро дар интернет як сутуннависи Sputnik ҳам баррасӣ карда буд. Ба фикри вай, ҳоло ҳангомасозӣ мӯд шудааст, яъне бо воситаҳои гуногун машҳур шудан дар имнтернетро бисёреҳо пазируфтаанд.

Вай гурӯҳе аз корбаронеро, ки аз хабари марги касе ҳангома месозад, "навҳагар" номидааст. Ба фикри Бакит Такинов бархе аз одамон барои ҷамъ кардани "лайк" аз марги касе дар интернет хабар медиҳанд.

"Баъзан ин мавзӯъҳоро корбароне метавонанд паҳн кунанд, ки ҳеҷ вақт бо марҳум шахсан ошно набуданд.  Фаромӯш накунед: ҳамдардиро бояд шахсан кард, на дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ё ки ҳоло анъанаҳо дигар шудаанд?",- нигарон мешавад вай.

Барчаспҳо:
интернет, акс, марҳум, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ