14:16 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
52622

Зани 55-солае манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба як духтари ҷавон ва марди 40-сола барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам овардааст

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рухдодҳои ҷиноӣ дар ҳудуди кишвар хабар дод.

Чунончӣ, дар шимоли Тоҷикистон ҷавони 25-солае хушдоманашро ғорат кардааст. Бино бар иттилои ВУД, ҷавон пештар ҳам ба додгоҳ кашида шудааст. Ин дафъа, ҷавони исфарагӣ, ҳангоми ба манзили истиқоматии хушдоманаш ба Конибодом омаданаш, бо роҳи пинҳони 3000 сомонӣ ва ангуштарини тиллои занро дуздидааст.

Дар шаҳри Душанбе кормандони милиса зани 55-солаеро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои ВУД ҶТ,  ин зан манзили истиқоматишро ба фоҳишахона табдил дода, ба зани 20-сола ва марди 40-сола барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда 200 сомонӣ гирифтааст.

Аз рӯйи ҳар ду ҳодиса низ, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фоҳишахона, дуздӣ, рухдодҳо, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ