Сарҳанг: барои "доишӣ" нашудани ҷавонон давраҳои забономӯзӣ роҳ андохтем

© Фото : АЗ ВУДТавзеҳи паёми раисҷумҳур ба мардуми Рашт
Тавзеҳи паёми раисҷумҳур ба мардуми Рашт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКД Тоҷикистон барои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонони раштӣ ба гурӯҳҳои теруристӣ давраҳои омӯзишӣ роҳ андохтааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар ин бора полковники милитсия Сафиало Азизулозода хабар додааст.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, дар рӯзи 27-уми январ дар чорчӯби барномаҳои фаҳмондадиҳии паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш вохӯрии сарҳанг Сафиалло Азизуллозода дар мавзуъи "Сабабу омилҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои терроризму экстремизм ва пешгирии он" бо аҳолӣ баргузор гардидааст.

Женщина в хитжабе с мужчиной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаро ишқи писарони доишӣ бархе аз духтаронро шефта мекунад?

Дар вохӯрӣ ҳамчунин раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, деҳаву маҳаллаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш иштирок намудаанд.

Зимни баромад сардори РВКД полковники милитсия Сафиало Азизулозода нуктаҳои паёми раисҷумҳурро ба сокинони ноҳияҳои мазкур шарҳу эзоҳ додааст.

Дар идомаи баромад Азизулозода гуфтааст, ки бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии хусусияти экстремистию терористӣ дошта, дар ноҳияҳои минтақаи Рашт як қатор чорабиниҳои профилактикӣ ба роҳ монда шудааст.

"Ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус дарсҳои иловагии омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ташкил карда шуд, ки онҳо метавонанд ба омӯзиши забонҳои англисию русӣ машғул шуда, минбаъд барои худ ҷойи кори муносиб пайдо намоянд", — омадааст дар хабарнома.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва оқибатҳои терроризму экстремизм байни иштирокчиён мулоҳизарониҳо сурат гирифта, ҷиҳати пешгирии шаҳрвандон аз кирдорҳои номатлуб як қатор пешниҳодҳои судманд баён гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0