01:04 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
546100

Фаъолони иҷтимоъии ҷомеъаи мадании Кӯҳистони Бадахшон мехоҳанд вилояташонро аз ҳама гуна машруботи спиртӣ пок кунанд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дархост кардаанд тавлиду фурӯши ҳама гуна машруботи алкулӣ ва тамокуиро дар қаламрави ин вилоят мамнуъ кунанд.

Дар ин дархостнома, ки дар вебгоҳи AVAAZ.org мунташир шудааст, гуфта мешавад:

"Мо, бошандагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз раёсати муҳтарами ҷумҳурӣ ва вилояти мухтор дархост мекунем, ки сарзамини Кӯҳистони Бадахшонро минтақаи озод аз машруботи алкулӣ эълом карда ва тавлиду фурӯши ҳамагуна машруботи алкулиро дар ин сарзамин акидан манъ кунед. Мо намехоҳем, ки дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон арақу майу шаробу обҷаву дигар машруботи алкулӣ хариду фурӯш шавад. Ҳамчунин дархост дорем воридоту фурӯши сигору насвору дигар маҳсулоти тамокуӣ дар қаламрави ВМКБ коҳиш дода шавад".

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон порсол дар нишасте гуфта буд, ки кайфияти машруботи алкулие, ки дар вилоят фурӯхта мешавад, бисёр паст аст. Вай ҳамзамон омори тавлиду фурӯши машрубот дар вилоятро шубҳаовар хонда буд.

Шодихон Ҷамшед таъкид карда буд, ки фурӯши машруботи алкулӣ дар бозорҳои шаҳр ва наздик ба мактабу донишгоҳҳо мамнуъ шуда аст, вале дар шаҳри Хоруғ ва бархе аз рустоҳои вилоят акси ин ҳолро мушоҳида мекунем.

"Фурӯш бе қарори дахлдору бе литсензия ҳам ҷой дорад, ки аз назари мақомоти назоратӣ берун мондааст. Фурӯши машруботи пастсифату худсохт дар ҳамин нуқтаҳо бештар ба назар мерасад. Онҳо бо нархҳои аз 3 то 5 сомонӣ хеле бозоргиранд, вақте дар Душанбе нархи як шиша арақ аз 10 сомонӣ кам нест. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят корхонаи истеҳсоли арақ расман вуҷуд надорад. Бо чунин зуҳурот мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа бояд муборизаи беамон баранд", — гуфта буд вай.

Барчаспҳо:
фаъолони иҷтимоӣ, нобуд кардани алкул, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ