15:36 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
246 0 0

Ба гуфтаи ҷаноби муфтӣ, афзун бар ин бо ташаббуси раисҷумҳури Тоҷикистон сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе идома дорад, ки дар он беш аз 100 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раиси Шурои уламои Тоҷикисон, Саидмукаррам Абдулқодирзода дар рафти сафари кориаш ба Туркия дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар Туркия бо тоҷикони Истамбул мулоқот кард.

Ҷаноби муфтӣ дар рафти мулоқот гуфт, дар Тоҷикистон маҳз дардаврони истиқлол шумораи масҷид ба 4000 расид ва афзун бар ин ҳоло сохтмони масҷиди бузургтарин дар Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе идома дорад. 

"Дарҳои масҷидҳои мо доимо кушода ҳастанд. Ҳатто дар вақтҳои ғайри намоз дарҳои масҷид баста намешаванд. Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд кафолати озодии дин ва ибодатро бо роҳе, ки онро дуруст мешуморад, таҳия кардааст",- гуфт раиси шурои уламо.

Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ёдоварӣ аз ин ки дар Тоҷикистон Донишгоҳи исломии ба номи Имоми Аъзам амал мекунад ва он факултаҳои зиёд дорад, аз шаҳрвандони тоҷик даъват ба амал овард, ки аз таҳсил дар мадрасаҳои ғайрирасмии кишвари иқомат даст кашанд ва фарзандони худро дар муассисаҳои таълимии ватанӣ таълим диҳанд.

Барчаспҳо:
масҷид, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Туркия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ