02:56 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото

Рустам Эмомалӣ: корномаи яксола дар шаҳрдории Душанбе

© Пресс-служба президента РТ
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11310

Рустам Эмомалӣ ба ҳаққ ҷавонтарин ва фаъолтарин шаҳрдори Душанбе дар торихи пойтахти Тоҷикистон шинохта шудааст

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар хонаводаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳи падараш – шаҳри Данғара дар вилояти Хатлон зода шудааст. Вай яке аз нӯҳ фарзанди раисҷумҳур ва писари бузургаш аст.

Таҳсилоти Рустам Эмомалӣ

Шаҳрдори Душанбе таҳсилоти муносибро фаро гирифтааст.

Рустам Эмомалӣ пас аз хатми мактаби миёна донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд ва онро дар соли 2008 бо тахассуси “коршиноси иқтисоди ҷаҳонӣ” ба поён бурд. Сипас вай дар соли 2011 Академияи хидмати давлатии раёсатҷумҳурии Русияро бо тахассуси “коршиноси мудирияти шаҳрӣ ва давлатӣ” хатм кард. Ҳамзамон вай дар Донишгоҳи давлатии равобити байналмилали Вазорати умури хориҷии Русия низ давраеро гузарондааст.

Рустам Эмомалӣ ҳамчунин Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2014 бо тахассуси “ҳуқуқшинос” хатм кардааст.

Шаҳрдори Душанбе забонҳои русӣ, инглисӣ ва олмониро медонад.

Хонаводаи Рустам Эмомалӣ

Рустам Эмомалӣ зуд хонадор шуда буд.

Вай дар моҳи июни соли 2009 духтари раҳбари яке аз бузургтарин корхонаҳои санъати хӯроквории шаҳри Душанберо ба ҳамсарӣ баргузида буд. Рустам ва ҳамсараш як писару як духтар доранд.

Пешинаи кории Рустам Эмомалӣ

Рустам Эмомалӣ то шаҳрдор шудан якчанд вазорату идораро раҳбарӣ карда буд.

Вай фаъолияти кориашро соли 2006 аз симати коршиноси аршади шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони тиҷорати ҷаҳонии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.

Ӯ дар моҳи апрели соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд. чанде пас, дар моҳи июн, вай сардори ин Раёсат шуд.

Як сол пас, дар соли 2010, Рустам Эмомалӣ муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 2011 ӯ дубора ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ боз гашт ва масъули дастгирӣ ва соҳибкории хурду миёна шуд.

Дар соли 2012 шаҳрдори ояндаи Душанбе раиси Федеросюни футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва ин вазифаро шаш сол боз бар уҳда дорад. Зимнан, Рустам Эмомалӣ дар заминаи варзишӣ на танҳо чун коргузори давлатӣ, балки чун варзишкор низ худро нишон додааст: вай замоне муҳоҷими дастаи футболи “Истиқлол” буд ва як давра узви Кумитаи равобити байналмилалии Шурои олимпии Осиё низ буд.

Дар соли 2011 Рустам сардори Раёсати ташкили мубориза бо қонуншиканиҳои гумруки Хадамоти гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Солҳои 2012 – 2013 муовини сардори Хадамоти гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 раҳбарии Хадамоти гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Рустам Эмомалӣ соли 2014 дар 27-солагӣ дараҷаи генерал-майори хадамоти гумрукро дарёфт кард ва ҷавонтарин генерал дар торихи Тоҷикистон шуд.

Вай бо Фармони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 мудири Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. дар ин симат ӯ худро масъуле боирода нишон дод. Чунончи, моҳи июни соли 2015 вай 56 корманди ин Ожонсро ба далели бархӯрдор набудан аз донишу ҳирфа ихроҷ ва 38 касро бознишаста кард.

Рустам Эмомалӣ дар симати шаҳрдори Душанбе

Авҷи пешрафти кории Рустам Эмомалӣ ба 30-солагияш рост омад. Дар моҳи декабри соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммадсаид Убайдуллоевро аз шаҳрдории Душанбе барканор кард ва писарашро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъйин кард.

Пас аз як моҳ шаҳрдорӣ, 13 январи соли 2017, раиси нави шаҳри Душанбе дар нахустин суханронии худ аз ислоҳоти решаӣ дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Бояд гуфт, ки аз он замон кору куниши вай на танҳо барои бошандагони пойтахт, балки барои ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон айёнтар шуд.

Ислоҳоте, ки Рустам ваъда дода буд, аз ободонии пойтахт оғоз ёфтанд. Дар моҳи феврал Рустам Эмомалӣ дастур дод, ки шаҳри Душанберо то Рӯзи ваҳдати миллӣ бо гулу ниҳолҳо ороиш диҳанд ва 150 рӯзи ободонӣ ва ороиши пойтахтро эълом кард.

Дар моҳи апрел қарореро имзо кард, ки бар асоси он заноне, ки дар хадамоти шаҳрӣ ва роҳдорӣ кор мекунанд, 25 миллион сомонӣ дарёфт карданд.

Рустам Эмомалӣ барои беҳбуди вазъи иҷтимоъии шаҳрвандони Душанбе низ чораҳое дида ва се самти бартарро барои кору куниш таъйин кардааст.

Яке аз ин самтҳо беҳбуди гуфтугӯ бо шаҳрвандон ва вокуниши сареъ ба дархосту пешниҳодҳои бошандагони шаҳр аст. ба ин манзур дар моҳи феврали соли 2017 бо қарори шаҳрдор коргурӯҳе ташкил шуда буд, ки қонунгузории Тоҷикистонро ба мардуми шаҳр тавзеҳ медиҳад.

Ҳамчунин 17 ноябри соли 2017 барои бошандагони шаҳри Душанбе хатти тамоси мустақими телфонӣ бо шаҳрдорро роҳандозӣ карданд. Акнун мардуми Душанбе имкон ёфтанд, ки аз камбуду мушкилоти шаҳр аксу навор гирифтаву ба шаҳрдорӣ бифристанд. Бо ҳамин роҳ буд, ки шаҳрдорӣ бо дархости мардум аз нобуд кардани сагҳо дар шаҳр пешгирӣ кард.

Дувум самт, ки бино бар вокуниши мардум муҳимтарин будааст, беҳбуди зерсохтори шаҳрӣ ва таробарӣ (мусофирбарӣ) дар пойтахт аст. Дар ин росто, шаҳрдори ҷавон дар авохири моҳи июни соли 2017 дастур дод, ки шимол ва ҷануби пойтахт бо хатти нави мусофирбарӣ пайванд дода шаванд. Ду моҳ пас аз он шаҳрдорӣ барои бозсозии истгоҳҳои мусофирбарҳо ва ороиши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Аҳмади Дониш муноқиса эълом кард. Бино ба супориши шаҳрдорӣ, истгоҳҳо бояд дастгоҳе барои фурӯши билету рӯзномаҳо ва намояи электронии замонбандии ҳаракати мусофирбарҳо муҷаҳҳаз шаванд.

Шаҳрдорӣ дар як соли гузашта ҳамчунин ба мактабҳо таваҷҷуҳи вижа доштааст. Чунончи, дар моҳи августи соли 2017 Рустам Эмомалӣ беҳтарин мактабҳои Душанберо ҷоиза дод ва барояшон аз будҷети шаҳр 47 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ҳамчунин дар моҳи ноябр барои беҳтарин донишомӯзони дабистонҳо ва ҳунаристонҳои шаҳри Душанбе 200 стипендия таъйин кард, ки ҳар кадоме 250 сомонӣ аст. Афзун бар ин, шаҳрдорӣ шабгардии навҷавонон ва бозияшон дар интернеткадаҳоро манъ кард.

Рустам Эмомалӣ куҳанкорону кӯҳнасарбозони Тоҷикистонро низ аз ёд набурдааст. Порсол вай дастур дода буд, ки аз будҷаи шаҳри Душанбе барои онҳо кумакҳои молӣ ба муносибати 26-умин солгарди истиқлоли кишвар расонда шавад. Ҳамчунин 51 куҳансарбози Ҷанги бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони шаҳидони ҶБВ ба он муносибат 900 сомонӣ ҳар кадоме, 90 корманди “Боғи Пирӯзӣ” низ ҳар кадоме 600 сомонӣ ва сарбозони ҷанги Афғонистон ва ҷонбозони нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил ҳар кадоме 500 сомонӣ кумак дарёфт кардаанд.

Севум самт аз муҳимтарин самтҳои кори шаҳрдорӣ ташдиди назорат бар иҷрои қарору дастурҳои шаҳрдорӣ ва ҳукумати кишвар аст. Дар ин росто ҳамзамон бо оғози фарохони шаҳрвандон ба сарбозӣ Рустам Эмомалӣ дастур дод бархӯрд бо саркашон аз сарбозӣ шадидтар шавад.

Вале шадидтарин бархӯрдро шаҳрдорӣ бо мудирони бозорҳои пойтахт дошт. Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳур бозордоронро аз гарон кардани нархи хорубору колоҳо дар остонаи ҷашну идҳо манъ карда буд. Вале бархе аз онҳо гӯш ба фармон надоданд ва дар моҳи рамазон нархи наворо дар бозорҳои Душанбе дучандон гарон карданд.

Дар вокуниш ба ин худсариву бепарвоии мудирони бозорҳо дар мудирияти нархҳо Рустам Эмомалӣ дар оғози моҳи июни 2017 мудирони бозорҳои “Деҳқон” ва “Шоҳмансур”-ро барканор кард. Ду моҳ пас аз он, 7 август, Рустам Эмомалӣ қарори шаҳрдори пешинро, ки зибҳи чорворо дар шаҳр мамнуъ карда буд, бекор кард.

Дар кулл метавон гуфт, ки Рустам Эмомалӣ дар ин кутоҳ муддате, ки шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон аст, эҳтироми мардуми шаҳри Душанберо ба даст оварда ва барояшон умеде ба ояндаи беҳтар додааст.

Мавзуъ

Пешниҳоди Рустам Эмомалӣ қабул шуд: Раҷаббой Аҳмадзода вазифаи нав гирифт
Рустам Эмомалӣ: дар чор бозори Душанбе ярмаркаи доимамалкунанда ташкил шавад
Рустам Эмомалӣ мардуми Душанберо фарҳанги шаҳрнишинӣ меомӯзонад
Рустам Эмомалӣ барои донишомӯзони аълохон 382 500 сомонӣ ҷудо кард
Рустам Эмомалӣ ба сокинони водии Бартанг 30 тонна ангишт фиристод
Рустам Эмомалӣ Қонуни забонро дар шаҳрдории Душанбе ба иҷро мегузорад
Барчаспҳо:
корнома, зиндагинома, Шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ