13:25 20 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Кран в ванной комнате, архивное фото

Бештар аз ниме аз мардуми Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ баҳраманданд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Дар Тоҷикистон 62,6 дарсад аз шаҳрвандон аз оби ошомидании тоза баҳраманд ҳастанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ин оморро мудири ширкати давлатии Хадамоти манзиливу шаҳрии Тоҷикистон Алимурод Исломзода дар нишасти хабарӣ эълом кард.

“Агар дар соли 2011 танҳо 46 дарсад аз мардуми Тоҷикистон аз оби ошомидании тоза баҳраманд буд, дар соли 2017 ин рақам ба 62,6 дарсад расидааст”, — гуфт Исломзода.

Чанде аз бошандагони маҳаллаи Ориёно дар Кӯлоб
© Фото : Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Мудири ширкати давлатии Хадамоти манзиливу шаҳрии Тоҷикистон афзуд, ки имсол бо роҳандозии беш аз 20 тарҳи обрасонӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон боз 10 дарсади дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз оби ошомидании тоза баҳраманд хоҳанд шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки давлати Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои нави обрасонӣ 98 милюн дулор аз будҷа ҷудо карда, ки 37 милюн дулор аз он вом ва бақия кумакҳои бебозгашти кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аст.

Мавзуъ

Коршинос: об кишварҳои Осиёи Марказиро оштӣ хоҳад дод
Дар шаҳри Исфара маъракаи "100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз" эълон шудааст
Узбакистон барои обёрии заминҳои Тоҷикистон об медиҳад
Барчаспҳо:
обрасонӣ, Ширкати давлатии "Хадамоти манзиливу шаҳрӣ", Алимурод Исломзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ