11:18 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Зану марде бо либоси пӯшида, акс аз бойгонӣ

Занёбӣ осон мешавад: Бунгоҳи ҳамсарёбӣ барои мусалмонон дар Русия фаъол шуд

© AFP 2018 / ALEXANDER SCHIPPERS / ANP
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
22010

Дар ин бунгоҳ на танҳо арӯсу домодҳои ояндаро шинос мекунанд, балки ба онҳо аз шариати ислом дар мавриди хонадорӣ, эҳтироми ҳамсар ва зан, ҳуқуқҳои зан ва мард, ӯҳдадориҳои зану шавҳар, волидону фарзандон дарс мехонанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Идораи динии мусалмонони Татаристон хабар медиҳад, ки дар Набережние Челни барои мусалмонон бунгоҳи ҳамсарёбиии исломӣ ифтитоҳ ёфтааст.

"Дар "Халяль-центр"-и Набережние Челни барои мусалмонон бунгоҳи ҳамсарёбӣ ифтитоҳ ёфт. Коршиносони бунгоҳ пас аз дида баромадани пурсишномаи ҳар ҷавонмард ва ҷавонзан ва пас аз мусоҳибаи ихтисосӣ ҷуфти мунсоиберо бо ҳам шинос мекунанд",- омадааст дар хабар.

Дар ин бунгоҳ на танҳо арӯсу домодҳои ояндаро шинос мекунанд, балки ба онҳо аз шариати ислом дар мавриди хонадорӣ, эҳтироми ҳамсар ва зан, ҳуқуқҳои зан ва мард, ӯҳдадориҳои зану шавҳар, волидону фарзандон дарс мегӯянд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Узбакистон домоде пеш аз тӯй барои ҷиҳози кам аз арӯс даст кашид.

Бино бар иттилои расонаҳо, ҷавон гуфтааст, ки умед дошт, волидони дорои арӯз ҷиҳози бештаре барои духтарашон медиҳанд, аммо ин умеди вай хато баромад.

"Ман фикр мекардам, ки онҳо сарупои бисёре иборат аз молҳои туркӣ ба хонаи ман меоранд. Аммо вай анҷомҳои ночизеро аз бозори Ғиждувон харида овардааст. Дар ҳоле ки падару модараш хеле доро ҳастанд", мегӯяд ҷавон.

Пас аз ин рухдод, имом-хатиби Тошканд Анварқорӣ Турсунов ин қазияро тавзеҳ додааст. Ин коршиноси дин таъкид кард, ки мард ҳақ надорад, аз арӯсшаванда ҷиҳозе талаб кунад.

"Касе ҳақ надорад, ки волидони арӯсро маҷбур кунад, ки мебел, тилло ё техника харида диҳад. Ин ҳама ӯҳдадориҳои ҷониби домод аст — ҳам дар тӯй ва ҳам дар таваллуди фарзанд. Агар мард занеро ба ҳамсарӣ гирад, вай масъули ҳамон зан мешавад- ҳам таҳсил, ҳам табобати зан ва дигар чизҳо ҳама ба дӯши шавҳар мешавад. Дар акси ҳол, ӯ масулмон нест",- гуфтааст имом.

Барчаспҳо:
мусалмон, зан, ҳамсар, Бунгоҳи шиносоӣ, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ