Аҳмадзода дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ниҳол шинонд

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар марз бо Узбакистон дар ҳудуди "Фотеҳобод" дарахт шинонд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Гуфта мешавад, ки дар гузаргоҳи сарҳадии "Фотеҳобод", воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ идома дорад. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, хабар медиҳад.

Гузаргоҳи сарҳадии "Фотеҳобод" яке аз гузаргоҳҳои марзиест, ки дар сарҳад бо Узбакистон қарор дорад.

Ҳангоми боздид аз ин гузаргоҳ Раҷаббой Аҳмадзода бо шинонидани ниҳол ба корҳои ободонӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, масъулинро вазифадор кардааст, то дар ин самт диққати махсус бидиҳанд.

На таджикско-узбекской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наздиктар: ифтитоҳи гузаргоҳи дигаре дар марзи Тоҷикистону Узбакистон

Ба гуфти роҳбари вилоят гузаргоҳҳои сарҳадӣ дарвозаи ҳар кишвар ба шумор мераванд ва аз ин хотир бояд ободу зебо нигоҳ дошта шаванд. Имсол, ки "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидааст, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ бояд эътибори бештар дода шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони гузаргоҳи марзӣ суҳбат карда, барои рафъи мушкилоту муаммоҳои мавҷуда дар самти корҳои ободонӣ ба масъулини сохторҳои гуногун вазифаҳои мушаххас додааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон боз як гузаргоҳи марзии "Қӯштегирмон" ба кор даромад, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0