21:27 19 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Встреча заместителя Министра иностранных дел РТ с Главой Делегации Международной Федерации Обществ Красного Креста в Центральной Азии

Дар Душанбе фаъолияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баррасӣ шуд

© Фото : Пресс-служба МИД Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Дар Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати Намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказӣ баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 15 фев— Sputnik. Ин дидор имрӯз, 15 феврал баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити уумии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 15-феврал муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин Роҳбари ҳайати Намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССва ҲА) дар Осиёи Марказӣ хонум Баярмаа Лунтан дидору мулоқот кардааст.

Зимни cуҳбат масоили фаъолияти ФБҶСС ва ҲА дар ҷумҳурӣ, барномаҳои расонидани кӯмакҳои башардӯстона, фарогирии ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин тарафҳо масъалаи баланд бардоштани иқтидори Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмарро дар Тоҷикистон муҳокима кардаанд.

Барчаспҳо:
муҳокима, баррасӣ, Ҳилоли Аҳмар, Салиби сурх, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ