18:59 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Тамошои навор

Холдоров муҷозот шуд. Ӯро барои таҳқири намозгузорон аз симат барканор мекунанд

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
125020

Шокир Холдоров барои таҳқири сокинон дар масҷид аз мақомаш сабукдӯш мешавад. Вай дар вайрон кардани Кодекси одоби хидмати давлатӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба манобеи худ дар Ожонси хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳанд, ки Шокир Холдоров-масъули бахши Кумитаи дин ва танзими расму оин дар ноҳияи Рӯдакӣ барои таҳқири сокинон дар масҷид бар асоси Кодекси одоби хидматчии давлатӣ муҷозот шудааст.

Ожонс ба Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод кардааст, ки ин масъулро барои дағалона вайрон кардани одоби хидмати давлатӣ аз мақомаш барканор кунанд.

Ёдрас мешавем, моҳҳои октябр як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он Холдоров дар масҷиде дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иддаои он, ки фоъолияти масҷид ғайриқонуни аст, сокинонро таҳқир мекард.

Ин амали Холдоров ба вокуниши шадиди корбарон дучор шуд. Мардум навори таҳқиромези як корманди ҳукуматиро бознашр карда, талаб доштанд, ки ӯ бояд барои ин рафтораш  ҳатман муҷозот шавад.

Вақте ки хабарнигорон аз ин масъул далели ин рафторашро пурсон шуданд, Холдоров дар посух гуфта буд, ки он гоҳ хело асабӣ шуда буд ва аз ҳамин ҳисоб фишораш баланд шуду худро идора карда натавонист.

Барчаспҳо:
муҷозот, таҳқиромез, Шокир Холдоров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ