00:42 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
99710

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ ин ярмаркаҳо бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ баргузор карда мешаванд.

Дар ин росто шаҳрдор дастур додааст, ки нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018  тибқи замима тасдиқ  карда шавад.

Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва иштироки  корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.

Ҳамчунин мувофиқи қарори Рустам Эмомалӣ, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд,  бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар баробари ин, Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, хадамоти давлатии оташнишонӣ,  назорати давлатии байторӣ, ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вазифадор шудаанд, ки қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулотҳо ва  талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

 

Мавзуъ

Қарори Рустам Эмомалӣ: роҳкиро дар Душанбе гарон шуд
Омодагии Рустам Эмомалӣ бораи таҷлили 25-солагии Қувваҳои мусаллаҳ
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ аз сохтмони Масҷиди марказии Душанбе боздид карданд
Рустам Эмомалӣ: корномаи яксола дар шаҳрдории Душанбе
Барчаспҳо:
ярмарка фурӯши маҳсулот, қарор, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ