18:46 17 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
939 0 0

Милисаҳои ба мактабҳо вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати кормандони вобастагардида санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Раёсати ВКД шаҳри Душанбе, дар ин бора фармони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Шариф Назарзода ба тасвиб расидааст.

Кормандоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста гардиданд, бояд робитаю ҳамкории зичро бо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.

Дар асоси талаботи банди 3-и фармон барои пешгирии муноқишаю авбошиҳои гурӯҳӣ кормандони ба муассисаҳои таълимӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати кормандони вобастагардида санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад.

Яке аз ҳадафҳои роҳандозии иқдоми мазкур пешгирии авбошиҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣгуфта шудааст.

Тибқи додаҳои ВКД, давоми соли 2017 бо иштироки мактаббачагон 4 ҷинояти авбошии гурӯҳӣ содир гардид, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 4 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Барчаспҳо:
вазифадор шуданд, милисаҳои тоҷик, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ