00:01 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Раҷаббой Аҳмадзода. Акс аз бойгонӣ

Кӯмаки молии раиси вилояти Суғд ба собиқадорон

© Официальный сайт мэрии г. Худжанд
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
59 0 0

Раиси вилояти Суғд ба муносибати ҷашни Наврӯз ба 33 собиқадори меҳнат кӯмаки молӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар толори шаҳрдории Хуҷанд бо ширкати муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба 33 нафар собиқадороне, ки барои пешрафти соҳаҳои гуногун  саҳми арзанда гузоштаанд, кӯмакҳои якдафъаинаи Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилоят.

Назира Ғаффорӣ паёми табрикотии Раҷаббой Аҳмадзодаро ба собиқадорон расонидааст, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: "Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад".

Сипас муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои пулӣ тақдим карданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чанд рӯз боз идома доранд.

17 март раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи гурӯҳе аз шоирону нависандагон ба чанде аз шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат кардааст.

Дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят ва аҳли зиё ҳамзамон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти пазандагони моҳир — муҳассилини макотиби маҳалла шинос шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳалла, махсусан бо мӯйсафедон сӯҳбати самимӣ намуда, аз онҳо дуои неки наврӯзӣ гирифт. Дар сари деги суманак баҳри ободии диёр ва шукуфоии Ватан дасти дуо бардоштанд.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
33 собиқадорон, кӯмаки молӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ