09:58 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷиканд

Раҳмон: ба шарофати бародарам миллион мардуми Тоҷикистону Узбакистон шод шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
58440

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврӯзии шаҳри Панҷиканд ширкату суханронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисҷумҳур ба муносибати ҷашни Наврӯз кулли мардуми кишварро табрик гуфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш аз сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ёдоварӣ карда, гуфтааст, ки "рӯзҳои 9-10 март, дар ҷараёни сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ҳамаи монеаҳое, ки зиёда аз ду даҳсола дар рафтуомади одамон ва додугирифти молу маҳсулот бо кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон вуҷуд доштанд, аз байн бардошта шуданд".

Дар идомаи суханронӣ раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки "ба шарофати санадҳои ҳангоми сафари дӯсту бародари ман Шавкат Мирамонович имзошуда ҳазорон оилаҳое, ки солҳои дароз аз дидори ҳамдигар маҳрум буданд, ба хабаргирии хешу таборон муяссар шуданд, яъне рафтуомади озодонаи одамон оғоз гардид ва қалби миллионҳо нафар сокинони ҳар ду кишвар шод шуд".

Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷиканд
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Илова бар ин, робитаҳои амалан кандашудаи тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ барқарор гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду халқи ҳамсояву бародар заминаи устувор фароҳам оварда шуд.

Раисҷумҳур аз соҳибкорони Панҷиканд даъват кард, ки ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунанд, корхонаҳои муштарак бунёд намоянд ва ба ин васила вазъи зиндагии худро беҳтар созанд.

дар охир раисҷумҳур тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми Панҷиканд ва вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик иқболу хушбахтӣ ва файзу баракати наврӯзӣ орзу кардааст.

Барчаспҳо:
суханронӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Панҷиканд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ