07:37 27 апрели 2018
Пахши мустақим
Дидори масъулин бо фаъолони Душанбе

Муовини Р. Эмомалӣ ба раҳбарони бозорҳо ва ходимони дин чӣ гуфт?

© МВД РТ
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
647 0 0

Дар дидор бо муовини Рустам Эмомалӣ масъулини баландпоя, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони бозорҳо, фаъолон, намояндагони корҳои дохилӣ, прокуратура, додгоҳ, амният, вакилони халқии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ширкат кардаанд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар ин вохӯрӣ муовини шаҳрдор Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат кардаанд.

Вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеаи Душанбе, дар толори Филармонияи давлатии ба номи акашариф Ҷураев баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин дидор барои иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳур, пешгирии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр, махсусан риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ барпо шудааст.

Муовини раиси шаҳри Душанбе, Мавсума Муинӣ дар бораи корҳои ободонӣ дар доираи эълон гардидани "120-рӯзи корҳои обонӣ дар Душанбешаҳр" гуфта, ҳозиринро ба саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии пойтахт даъват кардааст.

Ӯ ҳамчунин аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфта, саҳми ниҳодҳои қудратиро дар пойдории сулҳу субот, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа арзишманд унвон кардааст.

Шариф Назарзода дар ин дидор дар мавзӯи "Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа" аз ҷараёни парвандаҳои ҷиноӣ маъруза кардааст.

Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Мавсума Муинӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ