09:26 22 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Интернет. Акс аз бойгонӣ

Интернетро дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар ВМКБ истифода мебаранд

© Sputnik / Александр Кряжев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
328 0 0

Чунин хулоса дар паи баргузории тақдиқоти ҷамъиятие аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии "Машварати расонавӣ" ба даст омадааст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе натиҷаи тадқиқоти Муайян намудани афзалиятҳои медиавии мардуми Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо" муаррифӣ гардидааст

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии "Машварати расонавӣ" барои муайян кардани таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва сайтҳои хабарӣ тадқиқот гузаронидаанд.

Тадқиқот тарҳи муштараки Вазорати фарҳанг ва ташкилоти ҷамъиятии "Машварати расонавӣ" буда, аз декабри соли 2017 то феврали соли 2018 аз ҷониби Маркази тадқиқоти ҷамъиятии "Зеркало" гузаронида шудааст, ки натиҷааш дар торномаи Вазорати фарҳанг нашр шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар ин тадқиқот беш аз ду ҳазор нафар посухдиҳандагон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ пурсида шудаанд.

Ҳамин тавр гуфта мешавад, ки шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ, рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ (57,2%), дар ҷойи дуюм интернет (11,5%) қарор дорад.

38,4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд.

Интернетро аз ҳама бештар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (60,6) истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56,3 фоизро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки корбарони аслии интернет ва дигар навъҳои муосири алоқаи оммавӣ ва технологияҳои муосир (мессенҷерҳо, почтаи электронӣ) ҷавонони аз 18 то 35-40 сола мебошанд.

Барчаспҳо:
истифодаи интернет, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ