17:11 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Гардиш дар Душанбе

Гашту гузори собиқадорони меҳнат дар Душанбе

© Министерство здравоохранения РТ
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Ҳаштод собиқадори меҳнат, шахсони имконияташон маҳдуд, бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони пойтахт дар Душанбе гардиш краданд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ин сайёҳат бо ибтикори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, бо дастгирии шаҳрдорӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ ба муносибати "Соли рушди сайёҳӣ " ва Рӯзи пойтахт, санаи 19 март баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин гардиш, ҳаштод собиқадори меҳнати, шахсони имконияташон маҳдуд аз Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе, бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони пойтахт ширкат кардаанд.

Гардишгарон бо ду автобус ба тамошои шаҳр баромада, бо кумаки роҳбаладони ширкати сайёҳии "Ҷавоҳир-сайр" аз ёдгориҳои таърихиву иншоотҳои фарҳангӣ, ба монанди Муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ, Боғи Парчами давлатӣ, Маҷмааи Кохи Наврӯз, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дидан кардаанд.

Прогулка ветеранов труда по Душанбе
Прогулка ветеранов труда по Душанбе

Дар идомаи рӯзи гардиш, дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва "Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" намоиши ҳунарҳои дасти пиронсолон аз маҳфилҳои "Гулдӯзӣ" ва "Рассомӣ" баргузор шудааст.

Пас аз намоиш, сари мизи хӯроки нисфирӯзӣ дар ҳамин меҳмонхона бахши фарҳангии чорабинӣ оѓоз гардидааст.

Манбаъ афзуда, ки навозандагону сарояндагони номии кишвар бо ҳунарҳои рангини худ табъи иштирокчиёни чорабиниро болида гардондаанд.

Иштирокчиён барои дастгирӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ изҳори сипос кардаанд.

Барчаспҳо:
гашту гузор, Кумитаи сайёҳӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ