14:43 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Ронандаи автобус. Акс аз бойгонӣ

Пас аз "бадарға"-и Старексҳо: шаҳрдорӣ барои автобусҳои нав ронанда меҷӯяд

© Sputnik / Виталий Белоусов
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
230 0 0

Шаҳрдорӣ барои атобусҳои нав ба ронандаҳо ниёз дорад ва онҳоро ба кор даъват менамояд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе,  корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон" довталабонро барои ишғоли вазифаи ронандаи автобус даъват менамояд.

Ба иттилоъи манбаъ, корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3" хоҳишмандонро ба вазифаи ронандагони автобусҳои шаҳрӣ даъват кардааст.  

"Ронандагоне, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии тахассуси дараҷаи "D" ва собиқаи кории на кам аз панҷ солро доранд, метавонанд, ҳуҷҷатҳои худро ба ҳамин корхонаҳо бо суроғаи кӯчаи "Варзишгарон" — 5, кӯчаи "Н.Ҳувайдуллоев" — 5 ва кӯчаи "С.Айнӣ" — 66 пешниҳод намоянд" — омадааст дар хабарнома.

Лозим ба ёдоварист, ки шурӯъ аз 1 майи соли ҷорӣ ҳаракати "Hyundai Starex"-ҳо дар аксари роҳҳои пойтахт қатъ карда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар роҳҳои Душанбе беш аз 200 автобуси мусофиркаш ҳаракат мекунанд. Қарор аст, дар ояндаи наздик барои қонеъ гардонидани ниёзи мардум боз 100 автобуси мусофиркаш харидорӣ шавад.

Инчунин, дар шаҳри Душанбе микроавтобусҳои "Мерседес-Спринтер" низ фаолият мекунанд. Шаҳрдорӣ эълом кардааст, ки то охири сол ин намуди нақлиёт ба автобусҳову тролейбусҳо иваз хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
ишғоли ҷои кори холӣ, шаҳрдорӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ