01:17 22 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Шоколад Президент, акс аз бойгонӣ

Лукашенко Раҳмонро бо шоколади "Президент" меҳмондорӣ кард

© Sputnik / Виктор Толочко
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11710

Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро дар намоишгоҳи Белорус, ки дар Душанбе баргузор шуд, бо шоколади "Президент" меҳмондорӣ кард

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Кишвардори Белорус Александр Лукашенко раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шоколади "Президент", ки худ омода кардааст, меҳмондорӣ кард.

Ин воқеъа ҳангоми боздид аз намоишгоҳи Белорус дар Душанбе, рух додааст.

Шоколади "Президент", ки коми кишвардоронро ширин кард аз ҷониби фабрикаи "Коммунарка" истеҳсол мешавад.

Ба гуфти раҳбари ширкати истеҳсолӣ Иван Данченко бари раисҷумҳурон навъи тозаи шоколад пешниҳод шуда буд. Ӯ қайд кард, ки ин шоколад беназир аст, чун аз какое ва лубиёе омода шудааст, ки аз манотиқи гуногуни ҷаҳон аз ҷумла аз Кот-д'Ивуаре, Венесуэлла, Колумбия ва Салвадор ҷамъваорӣ шудааст.

Ба гуфти Данченко дар истеҳсоли ин шоколади нав, худи раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ширкат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Александр Лукашенко шоми 14 май ба Тоҷикистон омад. Дар ин сафар ӯ бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кард..

Зимни музокирот дар сатҳи олӣ ҷонибҳо масаълаи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ дар кишварҳои якдигарро баррасӣ карданд.

Дар поёни музокирот 15 созишнома дар аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус имзо шуд.

Барчаспҳо:
шоколад, меҳмондорӣ, Александр Лукашенко, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ