01:16 22 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Боғи ҳайвоноти Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Мутахассисони "Боғи ҳайвонот"-и Душанбе ба Қувайт мераванд

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
12320

Мутахассисони Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе барои табодули таҷриба ба Кувайт сафар хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо раиси Кумитаи кишоварзӣ ва сарватҳои баҳрии кишвари иқомат Шайх Муҳаммад Юсуф Сууд ас-Сабоҳ суҳбат кардааст.

Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон ин иддор рӯзи 14 май баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишварзӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе" ва Боғи ҳайвоноти шаҳри ал-Кувайт, табодули таҷриба ва мутахассисони ин соҳа, баррасӣ гардидааст.

Пештар хабар дода шуд, ки "Боғи ҳайвонот"-и Душанберо ба наздикӣ бозори "Корвон" мекӯчонанд.

Ба мақомоти шаҳрдорӣ, боғи ҳайвонотро аз маркази шаҳр ба наздикии бозори "Корвон" мекӯчонанд. Ҳамчунин шаҳрдорӣ дар назди боғи ваҳши нав барои ҳайвоноти кӯчагӣ сарпаноҳ хоҳад сохт.

Барчаспҳо:
табодули таҷриба, ВУХ-и Тоҷикистон, Боғи ҳайвоноти Душанбе, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ