01:17 22 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Рӯзи дави миллӣ. Акс аз бойгонӣ

Кӣ зудтар: дар Душанбе 20 май Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар Душанбе 20 май "Рӯзи дави миллӣ" эълон шудааст

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Мутобиқи қарори шаҳрдори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе 20 майи соли ҷорӣ "Рӯзи дави миллӣ" баргузор хоҳад шуд.

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш кардааст, ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар дави миллӣ таъмин намоянд.

Чун ҳамасола варзишгарон давиданро аз Чорбоғ шурӯъ карда то Наврӯзгоҳ идома медиҳанд.

Нафароне, ки ҷойҳои аввалро соҳиб мешаванд бо мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд.

Дар Дави миллӣ чун анъана ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла намояндагони мақомотҳои давлатӣ, идораҳо, ширкатҳои хусуӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ иштирок хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
Рӯзи дави миллӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ