Рӯзаи серун: имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад, архивное фото
Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 22 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки боронӣ боқӣ монда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +4 +9 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +23 +25 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0