04:54 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
199 0 0

Даҳ хонаводаи ҷавон-хизматчиёни давлатӣ дар мавзеъи Сарбанди шаҳри Гулистон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба даҳ хонаводаи ҷавон заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони шаҳри Гулистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта хабар додааст, ки дар ин минтақаи шаҳр дар оянда низ барои 100 нафар мутахассисони ҷавон тақсимоти қитъаи замин ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин сохтмони мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст. 

Ҳамин тавр, 10 оилаи ҷавон — хизматчиёни давлатӣ, мутахассисони сохторҳои қудратӣ ва маорифу тандурустии шаҳр дар мавзеъи Сарбанди шаҳри Гулистон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Пештар Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолони шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки дар давоми се соли оянда дар ҳар як деҳоти вилояти Суғд ҳаммомҳо, сартарошхонаҳо ва ороишгоҳҳо бунёд хоҳад шуд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар гуфтааст, ки бояд давоми се соли дарпешистода дар ҳар як шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣбунёд шавад.

Барчаспҳо:
заминҳои наздиҳавлигӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ