02:00 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
65580

Соҳибкор Аҳадҷон Шарифов барои таъмири мактаби хатмкардааш 500 000 сомонӣ харҷ мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом, бо ҷараёни таъмиру навсозии мактаби рақами 6 ошно шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба раиси вилоят иттилоъ додаанд, ки мактаби мазкур аз тарафи собиқ хатмкунандаи муассисаи таълимӣ – соҳибкор Аҳадҷон Шарифов таъмир карда мешавад ва ин қарори соҳибкор дар заминаи дастури Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, қабул шудааст.

Барои таъмиру барқарорсозии муассисаи таълимӣ харҷи 500 000 сомонӣ дар назар гирифта шуда, интизор меравад, ки корҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расонида шавад.

Манбаъ афзуда, ки Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ карда, саҳмгузориаш дар таъмири муассисаи таълимиро дар моҳи шарифи Рамазон амали нек ва хайру савоб унвон кардааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии истиқлол, давоми се соли дарпешистода бояд дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхонаву ҳаммомҳо вусъат дода шавад.

Барчаспҳо:
мактаб, таъмир, Аҳадҷон Шарифов, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ