12:56 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Эмомали Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Ҷоизаи Эмомалӣ Раҳмон барои мубориза бар зидди тамокукашӣ

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
25820

Ташкилоти Умиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо тамоку эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ин ташкилоти байналмилалӣ, рӯзи 31-уми май — дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи урупоии  ин ташкилот ном бурдааст.

ТУТ дар баёнияяш ёдоварӣ карда, ки раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо  аз самтҳои асосии  сиёсати худ  қарор дода ва бо ибтикораш 2 январи имсол қонуне қабул шудааст, ки кашидани тамокуро дар  ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад.

Тибқи ин қонун кашидани сигор ва нос дар тамоми  ҷойҳои ҷамъиятӣ  ба истиснои ҷойҳои таъйиншуда мамнӯъ аст.

Рекламаи тамоку низ иҷоза нест. Теъдоди дақиқи сигору носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест ва садҳо ҳазор нафар ҳастанд, ки ба сигору нос одат кардаанд.

Дар баробари  раисҷумҳури Тоҷикистон  боз 32 нафари дигар барои саҳмашон дар коҳиши истифодаи тамоку ё андешидани чораҳо барои маҳдуд кардани истеъмоли он барандагони ҷоизаи  Ташкилоти Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ шудаанд.

Барчаспҳо:
ҷоиза, ТУТ, Эмомалӣ Раҳмон, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ