22:35 19 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15
Тути хушк, акс аз бойгонӣ

“Тути Рӯшон”: пешниҳоди иди нав дар Тоҷикистон

© Sputnik Стас Этвеш
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17120

Дар бисёре аз манотиқи шимолу ҷануби кишвар ҷашнвораҳои мухталифе, аз ҷумлаи ҷашни харбуза, зардолу, ҷашни оши палав ва ҷашни атласу чакан баргузор мешаванд ва танҳо Бадахшон минтақаи дурафтодаи Тоҷикистон ҳеҷ ҷашнеро надорад.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳи сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пешниҳод кардаанд, ки дар Тоҷикистон ҷашнвораи нав зери унвони "Тути Рӯшон" роҳандозӣ гардад.

Зеваршоҳ Муҳаммад, яке аз ташаббускорони ҷашнвораи нав дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт,  таҷлили "Тути Рушон" метавонад барои тавсеаи боғдорӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум дар ВМКБ мусоидат кунад.

Ба гуфтаи Зеваршоҳи Муҳаммад  дар бисёре аз манотиқи шимолу ҷануби кишвар ҷашнвораҳои мухталифе, аз ҷумлаи ҷашни харбуза, зардолу,  ҷашни оши палав ва ҷашни атласу чакан баргузор мешаванд ва танҳо Бадахшон минтақаи дурафтодаи Тоҷикистон ҳеҷ ҷашнеро надорад.

 "Дар ин росто ба масъулини ВМБК пешниҳод доштам, ки чаро як ҷашнвораеро бо номи "Тути Рӯшон" баргузор накунанд.  Ҷашнвора метавонад боғдориро дар вилоят бештар тавсеа бахшад ва ҳам заминаи хубе барои бозорёбии ин мевае, ки аз лиҳози таъму сифат назири худро дар минтақа надорад, мусоидат кунад",  — афзуд ӯ.

Ташаббускорони ҷашнвора мегӯянд бо ин баҳона олимону гиёҳшиносон ва ниҳолпарварони саршинос аз Тоҷикистон ва соири кишварҳо метавонанд пажӯҳишҳо анҷом диҳанду ба мардум шеваҳои хуби нигаҳдорӣ ва парвариши ин меваи шаҳдборро пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи ташаббускорон, масъулини давлатӣ ба ин пешниҳод  таваҷҷуҳ кардаанд ва дар назар аст, ки ояндаи наздик роҳандозии чунин як ҷашнвора дар мулоқот бо шаҳрвандон баррасӣ шавад.

Барчаспҳо:
тут, ҷашнвора, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ