17:13 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи марказии Душанбе, акс аз бойгонӣ

Оқибати ишқбозии зани 50-сола бо ҷавони 24-сола дар "фоҳишахона"-и Душанбе

© Sputnik / Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
271901

Ҷавони 22-сола дар ташкили фоҳишахона дар маркази шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як фоҳишахона дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маркази шаҳри Душанбе хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, маъмурини милисаи ноҳияи И.Сомонии пойтахт, ҷавони 22-сола, сокини шаҳри Бохтарро дар ташкили ин фоҳишахона муттаҳам мекунанд. Бар асоси иттилоия ҷавони муттаҳам феълан дар боздошт қарор дорад.

“Гумонбаршуда, 14-уми июли соли 2018, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон - ҷавони 24-сола ва зани 50-сола, сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам овардааст ва аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - афзудааст ВУД.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт шуд, ташкили фоҳишахона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ