07:11 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Муттаҳам ба куштори духтари 5-солаи тоҷик

Сокини Маскав: қотили Ҳувайдо кӯшиши бурдани духтари сесолаи манро низ карда буд

СК РФ по Московской области
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
713 0 0

Яке аз сокинони Маскав ба мақомоти полис занг зада, хабар додааст, ки Александр Сёмин - муттаҳам ба куштори духтари панҷсолаи тоҷик ба марде монанд аст, ки чанд моҳ кӯшиши бурдани духтари сесолаашро карда буд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Александ Сёмин - муттаҳам ба куштори Ҳувайдо —духтари панҷсолаи тоҷикро сокинони Маскав шинохтаанд, хабар медиҳад "Лайф".

Чунончӣ, сокини 42-солаи ноҳияи "Лианозово"-и Маскав ба полис занг зада, хабар додааст, ки Александр Сёмин ба марде монанд аст, ки моҳи май кӯшиши бурдани духтарчаи сесолаи ӯро аз майдончаи кӯдакона карда буд.

Духтарак он вақт бо бибиаш сайру гашт доштааст. Бибӣ аз кӯшиши марди номаълум зуд хабардор шуда, бонги хатар задааст, ки дар натиҷа мард фирор мекунад. Он вақт ӯро боздошт карда натавонистаанд.

Пас аз гузориши яке аз телевизионҳо зан Сёминро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда, акси ӯро ба дигар сокинони манзили истиқоматиашон нишон додааст, ки онҳо низ шинохтаанд.

Айни замон муфаттишон ин маълумотро тафтиш мекунанд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Ҳувайдо ном духтари панҷсолаи тоҷик дар Русия кушта шуд. Александ Сёмин ба иттиҳоми таҷовуз ва куштори бераҳмонаи духтарак боздошт шудааст. Шаби 24 июл ҷасади Ҳувайдо ба Душанбе интиқол дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ба Русия ёддошт ирсол карда, дар он аз мақомоти кишвар  даъват намудааст, то  тафтиши комили  ҷинояти ваҳшиёна, ки  нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон низ ба ҳамтоёни русаш дархости вижаро кард.
Барчаспҳо:
муттаҳам, куштор, Ҳувайдо, Вайдо, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ