23:34 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Бинои додситонии кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эълон барои хоҳишмандони кор дар прокуратура: маош 546 ва 847 сомонӣ

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1517 0 0

Додситонии кулли Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, довталабон ба мақоми мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринав ва мутахассиси пешбар — сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ метавонанд то 14 август ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.

Манбаъ музди меҳнати вазифавии мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринавро 546 сомонӣ ва мутахассиси пешбар — сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералиро 847 сомонию 60 дирам арзёбӣ кардааст.

Суроға барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, шаҳри Душанбе, хиёбони А.Сино — 126, индекс; 734043, телефон: 236-81-23, 236-68-03, факс 236-87-41 нишон дода шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид намудааст, ки довталабон бояд то 35-сола, дорои таҷрибаи корӣ, бе доғи судӣ ва донандаи хуби қонунҳои Тоҷикистон бошанд.

Барчаспҳо:
Додситонии кул, эълони ҷои кор, маош, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ