Ташхиси судӣ ҷузъиёти нави азобу марги Ҳувайдоро ошкор кард: нафасгир шудааст

© gerechtigkeits.deДевочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк
Девочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷузъиёти нави ҳодисаи қатли Ҳувайдо, кӯдаки тоҷик дар Серпухова ва иттилоъ дар бораи гузаштаи Александр Сёмин, муттаҳам дар ин ҷиноят, дастраси расонаҳо шуд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ муайян кардааст, ки Ҳувайдои марҳум қабл аз марг давоми чанд соат азоби сангине дидааст.

Тавре расонаи RT бо такя ба натиҷаҳои ташхиси тиббӣ-судӣ навиштааст, қотил ба пушти Ҳувайдо бо корд зарба зада, ӯро қабл аз марг латукӯб ва мавриди озори ҷинсӣ қарор додааст.

"Дар ҷасад осори зиёди латукӯб ва латхӯрии узвҳои даруна ошкор шудааст", — навиштааст манбаъ.

Мать и отец Хувайды - Sputnik Тоҷикистон
Падари Ҳувайдо: то қотилро ҳабси абад надиҳанд, дили мо қарор намегирад

 Бар асоси ташхиси судӣ,  Ҳувайдо на аз зарби корду латтукӯб, балки дар натиҷаи нарасидани ҳаво дамгир шуда, ба ҳалокат расидааст.

Қотил барои садо набаровардани Ҳувайдо ба даҳонаш бастаи рӯймолчаҳоро андохтааст, ки дар натиҷа кӯдак нафасгир шудааст.

RT инчунин гузаштаи Александр Сёмин, муттаҳам дар марги Ҳувайдоро таҳқиқ кардааст. Волидонаш аз ҳам ҷудо шудаанд.  Модараш, Наталя Галанова, роҳбари кӯдакистон кор кардааст ва барои чанд муддат писарашро ба ҳайси муҳофиз ба кор гирифтааст.  Баъдан Галановаро аз мақомаш барканор кардаанд ва ӯ ҳамроҳи писараш шаҳри Серпуховаро тарк кардааст. Сипас баргашта  дар кӯдакистон ба кор оғоз кардааст ва феълан боз Серпуховаро тарк намудааст.

Ба навиштаи манбаъ дар бораи падари Александр тақрибан иттилое вуҷуд надорад. Падархондаш ба ҳайси ронандаи яке аз мақомдорони шаҳри Серпухова фаъолият мекунад.

Эмблема на форме сотрудника полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди фоҷиаи Ҳувайдо: дар Серпухов чор полисро барканор карданд

Собиқ дӯстдухтари Сёмин ӯро "девонамонанд" тасвир карда, изҳор доштааст, ки дар пайи хушунату таҳдидҳои зиёд аз Александр ҷудо шудааст.

Сёмин тайи як соли охир ҳаёти пӯшида ба сар мебурдааст ва бо ҳамсояю дӯстон дар пайи ҷанҷолҳои зиёд кам иртибот доштааст. Ӯ дар артиш низ хидмат кардааст, аммо ҳамхидматҳо ӯро мусбат тасвир карда, изҳор доштаанд, ки ӯ аксари вақти хидматро дар бемористон гузарондааст.

Боздоштшуда моҳҳои охир ба ҳайси ронандаи таксӣ кор кардааст. Қаблан низ корҳои муваққатӣ доштааст, аммо маблағро асосан аз наздиконаш мегирифтааст.

Дар мавриди девонатарошиҳои Сёмин дар боздоштгоҳ, ҳуқуқшиносони Русия мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд онро қасдан бо маслиҳати ҳимоятчиён, ки яке холааш мебошад, анҷом дода истодааст.

Феълан Сёминро барои ташхиси вазъи руҳию равонӣ ба пажуҳишгоҳи ба номи Сербский равон кардаанд.

Анна Левченко, коршиноси Шӯрои федералӣ оид ба ҳифзи ноболиғон, изҳори боварӣ кардааст, ки Сёмин наметавонад бо ин шеваҳо аз ҷазои сангин фирор кунад. Ба гуфтаи Левченко ба Сёмин ҳадди ақал 20 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки тоҷик дар Серпухова 22 июл рух дод. Бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят Александр Сёмини 27-сола, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардааст, боздошт гардид.  Ин ҳодиса тамоми маҳалларо дар ҳолати шок қарор дод ва бисёри сокинони маҳаллию ҳамватанон барои дастгирию ҳамдардӣ гирди хонаводаи ҷабрдида ҷамъ омаданд.  

Лентаи хабарҳо
0