13:10 20 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Мулоқоти генерал Искандар Солеҳзода, сардори раёсати умури дохилии Хатлон бо сокинони шаҳри Норак

Генерал Солеҳзода сокинони Норакро ба зиракию ҳамкорӣ бо милиса даъват кард

дафтари матбуоти ВУД-и Тоҷикистон
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
252 0 0

Генерал Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон аз сокинони шаҳри Норак хостааст, бо милиса ҳамкории бештар кунанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Солеҳзода дар пайи террори сайёҳон дар Данғара бо иштироки сокинони шаҳри Норак, бо фаъолону руҳониёни шаҳр мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД,  Солеҳзода зимни мулоқот аз шомилшавии баъзе аз ҷавонони бехабару ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб изҳори таассуф намуда, ҳозиринро ба зиракию дурандешӣ даъват кард.

"Мутаассифона бархе аз сокинони мо ба қадри неъматҳои бебаҳои кишвари азизамон нарасида, худро ба доми ақидаҳои гурӯҳҳои ифротӣ меандозанду мавқеи кишвари моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, обрӯву нуфузи миллати куҳанбунёдамонро коста мегардонад, ки ин боиси таассуф аст", — изҳор доштааст генерали тоҷик.

Солеҳзода таъкид намудааст, ки ҳадафи ин мулоқот роҳандозии ҳамкории зичи мардум бо кормандони милиса ва ташкили иттиҳодияҳое мебошад, ки дар таъмини амнияту тартибот кӯмак мекунанд.

Талош барои ҳамкории бештар бо сокинони Норак дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомот дар террори сайёҳон дар Данғара сокинони ин шаҳр ин даст доштаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, 10 сокини  Норак, аз ҷумла 2 нафар барои мусоидат ба маблағгузории роҳбари гуруҳ ва 8 нафари дигар барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тайёрӣ ба  амали террористӣ,  боздошт шуданд.

Барчаспҳо:
кормандони милиса, ҳамкорӣ, амният, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ