"Рӯҳ" аз "ҷон" фарқияте дорад?: шарҳи Шӯрои уламои Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Ураза-байрам
Празднование Ураза-байрам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алиҷон мегӯяд, барояш фарқи ин ду калима нофаҳмост. Ӯ аз уламои Тоҷикистон пурсон мешавад, ки "рӯҳ"-у "ҷон"-ро аз нигоҳи шариат тавзеҳ диҳанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Алиҷон ном корбари вебгоҳи Шӯрои уламои маркази имломии Тоҷикистон аз уламои тоҷик пурсон мешавад, ки оё  рӯҳ аз ҷон офарқияте дорад ва агар дошта бошад, дар чист.

"Мехоҳам бидонам, ки оё рўҳ аз ҷон фарқияте дорад?", — менависад вай.

Уламои марказ дар посух ба саволи Алиҷон гуфтаанд, ки фарқ байни ин ду калима дар он аст, ки яке тоҷикӣ ва дигаре арабӣ ҳастанд.

"Бародари азиз, "рўҳ" калимаи арабӣ аст, ки ба забони тоҷикӣ онро "ҷон" мегўянд", — омадааст дар посухи уламо.

Тавре кормандони марказ афзудаанд, мантиқан байни ду калима фарқе нест ва ҳарду ҳам як мафҳумро ифода мекунанд.

"Рўҳ ва ҷон як чиз ҳастанд ва фарқе надоранд",- тавзеҳ медиҳанд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, дар фарҳангҳо низ забоншиносон ин ду калимаро якхела тавзеҳ додааст.

Ҷон- олами рӯҳии дохилии инсон, ки ҳамчун як чизи шартӣ ва мавҳум тасаввур мешавад ва онро сабаби зиндагӣ мешуморанд, рӯҳ, равон;
 
Рӯҳ- равон, ҷон, ҳолати ботинии (қалбии) одам.

Лентаи хабарҳо
0