19:54 18 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Хоруғ, акс аз бойгонӣ

Қонуншикании раисони ВМКБ дар тақсими замин: садҳо қарори раиси Хоруғ хилофи шаҳрсозӣ

© Wikimedia
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1093 0 0

Кумитаи идораи замини ВМКБ дар гузориши ҷамъбастияш аз қонуншикании раисон ҳангоми тақсими замин нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Диловар Насруллобеков, раиси кумитаи идораи замини вилоят, аз натиҷаи санҷишҳо изҳор доштааст, ки танҳо дар маркази ВМКБ аз соли 2011 то  охири  соли 2017 беш аз 1000 қарори раиси шаҳр дар бораи ҷудо намудани замин барои сохтмони биноҳои иловагӣ,  манзил ва дигар иншоот имзо шудааст, ки аксаран хилофи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ мебошанд.

Тибқи гузориши расмӣ сарфи назар аз он, ки дар қаламрави Хоруғ  барои сохтмон фонди замин вуҷуд надорад, шаҳрдорӣ танҳо соли гузашта барои сохтмони  манзил ва дигар иншоот дар маркази ВМКБ беш аз 60 қарор ба тасвиб расондааст.

Дар ноҳияи Шуғнон тайи нимсолаи аввали соли равон 32 ҳолати  қонуншиканӣ сабт шуда, сарфи назар аз камзаминӣ    соли равон   51 гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Бар асоси гузориши мақомоти идораи замин дар ноҳияи  Рӯшон 54 ҳодисаи қонуншиканӣ дар масъалаи замин  сабт шудааст.

Масъулини идораи замин мегӯянд, қонунгузории Тоҷикистон ҷудо намудани заминро бе розигии ҳатто як мақомоти салоҳиятдор иҷозат намедиҳад, аммо аксаран раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ инро сарфи назар карда, аз ҳадди салоҳиятҳо берун мебароянд. Манбаъ афзудааст, ки ин ҳолат, махсусан дар ноҳияи Мурғоб ҷой дорад, ки роҳбарон хилофи меъёрҳои қонун барои ширкатҳо майдон барои шикор ҷудо мекунанд.

Аз ҷумла зикр гардидаст, ки раиси ноҳияи Мурғоб ва раёсати Боғи миллӣ барои ширкати "Нуркап" дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи  Гожо Бердибоев ва Рангкӯл бидуни пешниҳоде ба идораи замин ва таҳияи харита, ҳудуди муайянро барои шикор ҷудо кардаанд. Рӯзномаи "Ҷумҳурият" бо нашри гузориш дар ин бора изҳор доштааст, ки тибқи қонунгузории кишвар дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки Боғи  миллӣ  низ  ба  онҳо   дохил  мешавад, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон ва шикору чарондани чорво фақат дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори Ҳукуматро ба имзо расонд, ки бар асоси он дар хиёбонҳои асосии маркази ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар сохтмонҳои аз 5 ошёна поин мамнуъ гардиданд. Ҳукумат далели ин қарорро сарфаи замин хондааст, чун сол ба сол талабот ба он дар кишвар афзоиш меёбад.

Барчаспҳо:
ВМКБ, замин, қонуншиканӣ, Тоҷикистон