19:54 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Корманди раёсати нигоҳдории роҳ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Идона: 5 миллион кумакпулии Рустами Эмомалӣ барои кӯчарӯбону собиқадорони ҷанг

© Sputnik /
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
53410

Рустами Эмомалӣ, шаҳдори Душанбе, барои кӯмак ба поксозони пойтахт ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб 5 миллион сомонӣ ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ қарор кардааст, ки 245 ҳазору 300 сомонӣ барои иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ё шахсони  ба онҳо баробаркардашуда ва  4 миллиону 650 ҳазор сомонӣ барои кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт ҷудо гардад.

Ин қарор ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қабул шуда, масъулини пойтахт муваззаф гардидаанд, ки кӯмакпулиро то 6 сентябри соли равон ба собиқадорон ва поксозони пойтахт расонанд.

Дар қарори Рустами Эмомалӣ таъкид шудааст, ки муовинон бояд якҷоя бо намояндагони мақомоти дигар кӯмакпулиро ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда ҳангоми аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо супоранд.

Шаҳрдории Душанбе раисони навоҳии пойтахтро вазифадор кардааст, ки дар доираи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ,  аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.

Барчаспҳо:
собиқадорон, кӯчарӯбон, Рустами Эмомалӣ, қарор, шаҳрдорӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ