09:21 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Духтар бо завлона дар даст, акс аз бойгонӣ

Ҳукми зиндони зану шавҳар барои озори духтарчаи 12-сола аз Тоҷикистон

© Sputnik / Anar Mustafayev
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
624 0 0

Додгоҳи шаҳри Сургут зану шавҳаре, ки хешовандашон - духтари 12-сола аз Тоҷикистонро азият медодаанд, ба зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Додгоҳ муайян кардааст, ки духтараки тоҷикистонӣ муддати тӯлонӣ аз ҷониби хешовандонаш лату кӯб мешудааст. Додгоҳ шавҳар, Ҳоҷиевро ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ ва зан, Ҷӯраеваро шартан ба 3 соли зиндон маҳкум кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин қазия охири соли 2017 баъди он расонаӣ шуд, ки сокини Сургут ба мақомот муроҷиат карда, аз ҳоли як кӯдак дар хонаи ҳамсоя изҳори нигаронӣ намудаст. Дар пайи санҷиш хабар дода шуд, ки  хешовандони духтари 12-солаи тоҷик, ки вайро таҳти шиканҷа қарор медоданд, ба  ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Кормандони полис ва намояндагони мақомоти шаҳр ҳангоми омадан ба манзили мазкур  духтари 12-солаеро дар ҳоли хароб пайдо карданд.

Онҳо духтаракро бо нишонаи шикасти қабурға, майибҳои гуногун ва доғи латма ба бемористон бистарӣ карданд.

Маълум гардид, ки ин духтаракро хешовандонаш ду сол қабл  аз Тоҷикистон оварда будаанд. Аммо ӯ на ба мактаб мерафтааст ва на ба кӯча мебаромадааст ва корҳои хоҷагиро анҷом медодааст.

Бино бар иттили муфаттишон, зану шавҳар, ки худ се фарзанд доштанд, муддати тӯлонӣ духтаракро лату кӯб ва шиканҷа мекардаад. Ташхиси пизишкӣ ҳам муайян кардааст, ки духтар лату кӯб шудааст.

Мақомот мегӯянд, баъди ин қазия ва мураххасӣ шудани духтари ноболиғ падараш ӯро бозпас ба Тоҷикистон бурдааст.

Барчаспҳо:
шиканҷа, парванда, боздошт, ҳукм, ноболиғ, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ