19:08 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Юрист Ольга  Устюжанина

Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо: Сёмин аз беморхонаи рӯҳӣ ба СИЗО интиқол меёбад (САДО)

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
411 0 0

Александр Сёмин, гумонбар дар куштор ва таҷовузи духтараки 5-солаи тоҷик аз 22 август ба Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав интиқол дода шудаст. Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боварӣ дорад, ки пас аз аз анҷоми ташхис Сёмин ба СИЗО-и шаҳри Серпухов баргардонида мешавад

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Бистуми сентябр дар додгоҳи шаҳрии Серпухов маҷлиси додгоҳии парвандаи ҷиноӣ нисбати Александр Сёмин – муттаҳам ба куштори духтараки 5-солаи тоҷик бе ширкати худи ӯ баргузор шуд.

Муфаттиши парванда Александр Першин ба додгоҳ пешниҳод кард, ки барои такмил додани тафтишот муддати ҳабси Сёмин то як моҳи дигар тамдид карда шавад. Бо қарори догоҳ муддати ҳабси муттаҳам тамдид карда шуд.

Sputnik Тоҷикистон пас аз маҷлиси додгоҳ бо вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо Олга Михайловна мулоқот кард.

Ба гуфтаи вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо, Сёмин барои гузарониданаи ташхис  аз 22 август дар пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ қарор дорад.

“Ҳабси пешакии муттаҳам барои иқдомоти таҳқиқ дароз карда шуд. Агар муфаттиш дар ин муддат тавонад, ки маводҳои лозимаро ҷамъ оварад,  пас эҳтимол меравад, ки тафтишот анҷоми дода шавад. Агар барои муфаттишон вақт лозим шавад, аз эҳтимол дур нест, ки мӯҳлати ҳабси пешакии Сёмин тамдид меёбад”, - тавзеҳ до вай.

Ҳоло мо – ҷониби ҳимоя наметавонем, мувофиқи Кодекси ҷиноӣ, бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ошно шавем. Аммо мо ба наздикӣ бо натиҷаҳои ташхис, ки ҳоло гузаронида мешавад, ошно мешавем, афзуд вай.

Олга Михайловна боварӣ дорад, ки Сёмин ба боздоштгоҳ баргардонда мешавад.

"Ба фикри ман, Сёмин рӯзҳои наздик ба СИЗО-и шаҳри Серпухов равон карда мешавад. Зеро  барои интиқоли вай ба дигар ҷо ба монанди бемористони равонӣ асосе нест”, - афзуд вай.

Мо аз додгоҳ сахттарин муҷозотро, то ҳабси абад ба Сёмин талаб хоҳем кард, таъкид дошт вай.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 27-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дар вилояти Маскав дастгир шуда, дар ҳабси пешаки қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ