21:26 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Марди солхӯрда, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон фоизи бонк аз хидмат ба нафақахӯронро кам кард

© Sputnik / Стас Этвеш
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
558 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои тағйирот ба қарори Ҳукумат, ҳаққи “Амонатбонк”-ро аз хидмат ба нафақахӯрон қариб ду баробар коҳиш дод

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи тағйирот, ки аз моҳи равон мавриди амал қарор гирифтанд, минбаъд ҳаққи “Амонатбонк” аз хидмат ба нафақахӯрон 0,6 фоизро ташкил хоҳад дод. То моҳи равон “Амонатбонк” як дарсад аз ҳаҷми маблағи пардохткардаи нафақаро ҳамчун ҳаққи хидматрасонӣ ва таъмини хароҷоти худ мегирифт.

Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ муваззаф шудааст, ҳар моҳ танҳо 0,6 фоиз аз  ҳаҷми умумии пули нафақаро, ки “Амонатбонк” ба бознишастагон мерасонад, ҳамчун ҳаққи бонк пардохт кунад.

Коҳиши ҳаққи “Амонатбонк” аз хидмат ба нафақахӯрон дар ҳолест, ки аз моҳи равон ҳаҷми нафақа бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон боло бурда шуд.

Аз 1 сентябри соли 2018 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, ки 156 сомониро ташкил медод,  15,4 фоиз зиёд карда шуда, ба 180 сомонӣ баробар гардид.

Дар баробари ин, ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол, ки 748 сомонию 80 дирам буд, 13,5 фоиз зиёд карда шуда, 850 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуд.

Бар асоси фармони раисиҷумҳур, бо мақсади  беҳтар намудани сатҳи зиндагии гурӯҳи нафақагироне, ки кор намекунанд ва манбаи асосии даромади зиндагии онҳо маблағи нафақа мебошад, андозаи нафақаҳои онҳо (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ) ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда шуд. Ҳадди ақали нафақа аз 1 сентябри соли 2018 180 сомонӣ муқаррар карда шуд ва 30 фоизи он ба 54 сомонӣ баробар аст.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
Барчаспҳо:
фоиз, бонк, нафақахӯр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ