22:14 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Кран в ванной комнате, архивное фото

Захира кунед: рӯйхати нави кӯчаҳои Душанбе, ки як рӯз беоб мемонанд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1472 0 0

Дар чанд кӯча ва маҳаллаҳои Душанбе интиқоли об аз 10-уми октябр то 11 октябр қатъ мешавад. Мақомоти шаҳр аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки об захира кунанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар чанд кӯча ва маҳалҳои Душанбе бо далели гузаронидани корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обтозакунии "Кофарниҳон" интиқоли об ба мӯҳлати якшабонарӯз қатъ мешавад, хабар медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, аз соати 23:00-и 10 октябр то соати 24:00-и 11 октябр интиқоли об дар маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, Камоли Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Фучик, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи Садриддин Айнӣ, то гардиши фурудгоҳи Душанбе, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансуринтиқоли об қатъ мешавад.

Мақомоти Душанбе аз сокинон хоҳиш намудаанд, ки об захира намоянд.

Ҳамчунин масъулин вазифадор гаштаанд, ки дар ин рӯзҳо сокинонро ба воситаи мошинҳои обкаш бо об таъмин кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ