16:08 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Телеведущая Светлана Устинова

Як соли зиндагии Светлана ва Довуд: шавҳари тоҷик ҳаёти рӯзноманигори русро тагу рӯ кард

© Фото : Аккаунт в Одноклассники / Светлана Устинова
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
359320

Ровии рус Светлана Устинова як сол пеш ба Довуд Амнов ном ҷавони тоҷике шавҳар карда буд. Зан мегӯяд хонадоршавӣ ҳаёташро сарупо дигар кард. Ӯ дини Исломро қабул кард, омода кардани хӯрокҳои тоҷикиро омӯхт. Аммо ӯро барои шавҳари тоҷик кардан аз кор ронанд. Зан тарки шаҳраш кард ва онҳо бо Довуд дар шаҳри дигаре манзил хариданд. Ҳоло як масъалаи дигар мондааст: ҳамсари дувум ба Довуд, ки бояд бо онҳо якҷо зиндагӣ кунад

ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Қиссаи зиндагии рӯзноманигори рус Светлана Аминова (Устинова), ки соле пеш ба Довуд Аминов ном шаҳрванди Тоҷикистон шавҳар карда буд, вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт.

Хонадоршавии занро на танҳо дар шаҳраш, балки берун аз он баррасӣ мекарданд. Барои бештари одамон аҷиб буд, ки зан аз 50 гузашта бошад ҳам, ҷавон ҳамагӣ 22 сол дорад.

Довуд Аминов и Светлана Устинова
© Фото : Из личного архива Светланы Устиновой
Довуд Аминов и Светлана Устинова

Нафарони дигар ба ҳақиқӣ будани оиладории онҳо бовар намекарданд ва мегуфтанд, ки ба ҷавони тоҷик танҳо мӯҳри ЗАГС ва шиносномаи русӣ лозим аст. Нафароне ҳам пайдо шуданд, ки ба ин оила хушбахтӣ таманно карданд.

Довуд ва Светлана ҳамагӣ пас аз панҷ моҳи шиносоӣ никоҳ карда буданд. Сипас дар ЗАГС ақди никоҳашонро ба қайд гирифтанд.

Светлана бе ягон дудилагӣ насаби шавҳараш ва дини Исломро қабул кард. Зан пештар ҳам гуфта буд, ки ба хотири шавҳараш то ҳадди имкон талаботҳои Исломро иҷро мекунад. Sputnik Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи идомаи қиссаи пурсарусадои ҷавони тоҷик ва зани рус шуд. 

Мусалмон будан осон аст?

Светлана мегӯяд, ӯ бо Довуд хушбахт аст. Онҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Ӯ аз мусалмон буданаш роҳат аст.

Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым
© из личного архива Светланы Аминовой
Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым

Аминова мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ православ набуд, барои ҳамин ба вай қабул кардани Ислом маънаи фурӯхтани дини худашро надошт.

"Ман ҳеҷ вақт пайрави дини православӣ набудам ва маро таъмид накарда буданд. Барои ҳамин ман динамро иваз накардаам. Ҳамчунин наметавонам гӯям, ки пас аз қабули Ислом дар ҳаётам тағйироти куллие ворид шуд. Ман рӯза нагирифтам, ҳарчанд шавҳарам ҳамаашро қоидавӣ мекард: аз саҳар то бегоҳ хӯрок намехӯрд, бегоҳҳо ба намоз мерафт, аммо баробари ин маро ба коре маҷбур намекард", - мегӯяд Светлана.

Аммо зан бо фарҳанги тоҷикӣ дар як сол пурра ошно шудааст. Ҳоло падари шавҳараш дар Русия қарор дорад ва онҳо зуд -зуд муошират мекунанд.

"Вақте мо хона харидем, бӯрёкӯбон кардем. Ман ҳам тоҷикон ва ҳам русҳо - наздикону шиносҳоямонро даъват кардам. Аммо онҳоро тоҷикона меҳмондорӣ кардем. Дар замин дастархон густурдем ва ба ҳама маъқул шуд", - ба ёд меорад вай.

Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым
© из личного архива Светланы Аминовой
Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым

Бо вуҷуди овозаҳое, ки дар Ислом мардҳо мавқеи занонро танг мекунанд, ба  зани рус муносибати мардони мусалмон  маъқул шудааст.
"Нисбати худ ягон беҳурматие надидам ва дар навбати худ ман ҳам дарк мекунам, ки баъзан бояд хомӯш монам. Довуд ҳарчанд дар синну сол хурд бошад ҳам, ӯ мард ва сарвари хонадон аст, ӯ марди ҷиддӣ аст ва ман дар канори ӯ  худро роҳат ҳис мекунам", - мегӯяд вай.

Аминова пас аз шавҳар кардан, мехост забони тоҷикиро омӯзад, аммо бо сабаби норасоии вақт имкон пайдо накард. Аммо дар ин роҳ ба вай каме шавҳараш кӯмак мекунад.

Зан бо изҳори хурсадӣ мегӯяд, ки забони тоҷикиро мефаҳмад.

"Баъзан ман ҳам ба гапҳои онҳо ҳамроҳ мешавам. Онҳо дар аввал ҳайрон мешуданд, сипас одат карданд. Аммо онҳо бо тоҷикӣ ва ман бо русӣ сӯҳбат мекунам", - мегӯяд вай.

Светлана самбӯсаи кадугин омода карданро омӯхтааст. Ба ӯ ин таоми тоҷикӣ сахт писанд омадааст.

Аммо ба хонаводаи Довуд ошхонаи русӣ писанд наомадааст.

Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым
© из личного архива Светланы Аминовой
Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым

"Баъзан хӯрокҳои русӣ ҳам омода мекунам, аммо ба онҳо бештар хӯроки тоҷикӣ маъқул аст", - мегӯяд зан.

Дар интизори зани дувум ба Довуд

Соле пеш Светлана гуфта буд, ки агар лозим шавад, ба Довуд иҷозат медиҳад, ки зани дувум гирад. Ҳоло ба гуфтаи вай дар оилаи онҳо дар ин бора гап намеравад.

"Мо бо шавҳарам маслиҳат кардем, ки ду соли наздик дар ин бора сӯҳбат намекунем. Ба замми ҳамаи ин, ман як шарт дорам. Ӯ бояд зани дувумашро ба хонаи мо орад. Зани дувум бояд танҳо дар Русия  ва якҷо бо мо зиндагӣ кунад. Аммо пеш аз ҳама масъалаи хонаро бояд ҳал кунем. Мо ҳоло дар манзии якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунем", - изҳор дошт зан.

Довуд ва Светлана мехоҳанд ба Тоҷикистон сафар кунанд. Аммо ҳоло онҳо пул надоранд. Ба тамоми маблағи ҷамъовардаашон хона харидаанд.

Аминава умед дорад, ки орзуи вай ҳамин тобистон амалӣ мешавад ва онҳо ба Тоҷикистон сафар мекунанд. "Мехоҳам манзараҳои зебои Тоҷикистонро акс гирам ва бо модари шавҳарам шинос шавам. Мо бо хушдоманам то ҳол ҳамдигарро надидаем, танҳо дар телефон сӯҳбат мекунем", -афзуд ӯ. 

Даст ба даст

Аминова мегӯд, хонадорӣ зиндагии ӯро саропо дигар кард. Ӯ манзил ва ҷойи корашро иваз каррд.

"Мо дар як сол ҷойи истиқоматамонро дигар карем. Аз шаҳри Александров ба Струнино кӯчидем. Ман ҷойи корамро иваз кардам. Зеро маро аз ҷойи кори пештараам ронаданд. Ба роҳарият шавҳари тоҷик кардаам писанд наомад. Ман дар шаҳри Струнино шабакаи телевизионии шахсӣ ташкил кардам", - нақл мекунад зан.

Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым
© из личного архива Светланы Аминовой
Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым

Зан мегӯяд ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз коре пушаймон нест.

Светлана ва Довуд ҳоло як тарҳи худро пеш мебаранд. Шавҳар ба зан ҳамагуна кӯмакашро дареғ намедорад. 

"Мо телевизиони худро дар назди Хонаи фарҳанг кушодаем. Инҷо наврасони аз 13 то 16-сола кор мекунанд. Мо  дар мавзӯъҳои гуногун барномаҳоро омода мекунем. Яке аз онҳоро тоҷикону русҳо омода мекунанд. Наврасоне ки аз Тоҷикистон омаданд дар бораи фарҳанги Русия нақл мекунанд", - тавзеҳ медиҳад вай.

Зан мегӯяд, ки хело касбашро дӯст медорад ва шавҳараш низ садди роҳи вай намешавад.

Наздикони Светлана ва Довуд акнун фаҳмиданд, ки хонадаршавии онҳо танҳо дар коғаз набуд ва ҳарду даст ба даст хушбахтона зиндагӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ