07:44 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд, акс аз бойгонӣ

Аҳмадзода аз ҳоли сарбозон хабар гирифт

© Sputnik / Стас Этвеш
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд дар арафаи Соли нав аз қисми низомии 01972-и Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Бӯстон боздид карда, низомиёнро шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Аҳмадзода зимни суҳбат бо сарбозон гуфт, қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба нерӯи бузурги мудофиавӣ табдил дода шудааст.

Ӯ аз ғамхории Ҳукумат дар ҳаққи сарбозону афсарон зикр кардf, таъкид намудааст, ки аз ҷумла хобгоҳи қисми низомии 01972 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми се миллион сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сарбозону афсарон се вақт бо ғизои гарм таъмин буда, дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба қисмҳои низомӣ маводи хӯрока дастрас карда шуд.

Инчунин Аҳмадзода аз қисми низомии 051056-и гвардияи миллии Тоҷикистон низ боздид намуда, афсарону сарбозонро ба Соли нави мелодӣ шодбош гуфтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ