Қарори раиси Суғд барои пардохти 100 сомонии ҳармоҳа ба собиқадорони ҷанг

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкОрдена и медали ветерана ВОВ, архивное фото
Ордена и медали ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳамадзода, раиси вилояти Суғд қарор кардааст, ки ба собиқадорон ва маъюбони ҷанг аз 1 январи соли 2019 ҳар моҳ 100 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тибқи қарори раиси Суғд, ки моҳи равон имзо шуд, кӯмакпулӣ ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба барои қадршиносии собиқадорону маъюбони ҷанг пардохт мегардад.

Ветеран Великой Отечественной войны, Леокадия Ковтун, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаи Лукашенко барои ҳалли мушкили хонаи собиқадори ҶБВ дар Тоҷикистон - видео

Дафтари матбуоти раиси Суғд дар феҳрасти гирандагони кумакпулии ҳармоҳа, иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони ҳалокгардидаро, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ном бурдааст.

Тибқи қарор кумакпулӣ ҳар моҳ аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда дар шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пардохт мегарданд.

Раиси Суғд, раёсати Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилоятро вазифадор кардааст, ки барои сари вақт пардохт гардидани кӯмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5-ум ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

Лентаи хабарҳо
0